« Солномаи оила» бахшида ба Соли оила
Темурмалик, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Темурмалик бахшида ба Соли оила озмуни «Солномаи оила» ҷараён дорад. Ин навбат чорабинӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимов доир шуд. Ҳайати ҳакамон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, намоиши китобҳои бадеию сиёсӣ, ҳунари кадбонуии сокинон дидан карданд. Дар озмун оилаҳои намунавӣ иштирок намуда, ба ҷавонон аз рӯзгори хеш хикоят намуда, ҷавононро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмати волидайн ва воло донистани арзишҳои миллию оилавӣ даъват карданд.
Зикр гардид, ки чунин озмуну чорабиниҳо дар баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ мусоидати созгор дошта, масъулияти аъзои оиларо дар мустаҳкамии оила афзун менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






