Сомонаи ҲХДТ нав шуд
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сомонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки қаблан бо номи «Трибун-тҷ» дар шабакаи ҷаҳонии интернет мавод ба нашр мерасонд, баъди навсозӣ дубора ба фаъолият оғоз намуд. Ба гуфтаи масъули сомона Дилшод Яҳёев номи он низ дигар шуда, минбаъд бо унвони «Ҳамсафон» барои муштариён матолиби ҷолибу хонданӣ интишор менамояд.
Сомона бо якчанд низомҳои ҳимоявӣ ҷиҳозонида шуда, имкониятҳои воридшавии хакерҳо ва шикастани он хеле маҳдуд шудааст. Акнун алоқамандони сомона ба таври хеле осону содда ва бо суръати тез метавонанд матолиби дилхоҳашонро пайдо карда, аз он истифода намоянд.
Навоварии дигари сомона аз он иборат аст, ки дар он матолиби видеоӣ ҷой дода шудаанд ва гузашта аз ин хонандагон метавонанд назару андешаи худро перомуни хабару мақолаҳои интишорӣ баён доранд. Ҳамчунин муштариён имкон доранд дар назарсанҷиҳои мавзӯии сомона фаъолона ширкат варзанд.
Бояд гуфт, ки робитаи сомонаи «Ҳамсафон»-и ҲХДТ бо шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук», «Одноклассники», «Ютуб» ва ғайра дар самти табодули мавод хеле хуб роҳандозӣ шудааст.
Сомонаи «Ҳамсафон» ҳамзамон барои алоқамандон саҳифаҳои нави ҷолибу шавқоварро дар бораи таъриху барномаҳои ҳизбӣ ва сарнавишти фаъолони ҳизбӣ пешниҳод кардааст.
Хуллас, хонандаҳо метавонанд аз тариқи сомонаи мазкур маводи даркориашонро пайдо карда, барои беҳдошти фаъолияти он пешниҳодҳояшонро ироа намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






