Созишнома ба имзо расид
Душанбе, 22.10.15. (АМИТ «Ховар»). Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дар шаҳри Душанбе бо намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон Макс Георг Майер мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки байни ВКД ва бунёди мазкур ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан муфид барқарор гардидааст, ки минбаъд рушду густариш хоҳад ёфт.
Макс Георг Майер изҳор намуд, ки миёни ВКД ҶТ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел бахши фарогири ҳамкорӣ арзи вуҷуд дошта, бунёд омода аст, ки ба рушди ҳамкории мутақобилан муфид саҳм гузорад.
Дар анҷоми мулоқот сардори Академияи ВКД ҶТ Шарифзода Файзалӣ Раҳмон ва Макс Георг Майер Созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи созишномаи мазкур татбиқи лоиҳаи мусоидат ба такмили ихтисоси курсантҳои Академияи ВКД кишвар аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






