Суҳбати телефонии Сарвари давлат бо Александр Лукашенко
Душанбе, 13.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко, ки такроран Президенти Ҷумҳурии Беларус интихоб шуд, суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро бори дигар ба муносибати пирӯзии боэътимодаш дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Белорус самимона табрику таҳният гуфта, аз нав ба ин мақоми олӣ интихоб шудани ӯро нишонаи боварию эътимоди қавии мардуми кишвараш ба сиёсати пешгирифтаи ӯ маънӣ дод.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин хабарро бо шодмонӣ дарёфт ва изҳори бовар намуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Белорус ба нафъи ду мардуми дӯсту бародар минбаъд беш аз пеш рушду густариш меёбад.
Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба роҳҳои татбиқи амалии нақшаю барномаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Белорус ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






