Суғд: ҷараёни омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бобати омода гардидани соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 масъулини Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки дар корхонаву биноҳои таъйиноташон гуногун санҷишҳову машқҳои тактикӣ гузаронанд.
Дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Газпромнефт Тоҷикистон» дар шаҳри Қайроққум бо иштироки 8 нақлиёти оташнишон ва 70 корманди соҳа машқи тактикӣ баргузор гардид. Дар он кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ аз 4 шаҳру ноҳияи вилоят — Хуҷанд, Б. Ғафуров, Чкалов ва Қайроққум иштирок намуда, маҳорати хуби касбии худро нишон доданд.
То ба ин дам дар чанд корхонаи гуногуни вилоят аз ҷониби масъулини Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят санҷишҳо ва машқҳои тактикӣ гузаронида шуданд ва ин раванд идома дода мешавад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






