Суғд: Баргузории машварати омӯзишии дастурдиҳӣ
Хуҷанд, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ ва дар ин замина таъсис додани марказҳои таълимии касбомӯзӣ дирӯз дар толори Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи раисони шаҳру навоҳии вилоят, шахсони масъули сохторҳои соҳаи марбута машварати омӯзишии дастурдиҳӣ баргузор гардид. Барои шиносоии иштирокдорон бо тарзи истеҳсоли адрасу атлас ва дигар матоъҳо дар толори Кохи мазкур дастгоҳҳои адрасбофӣ насб шуда, ҳунармандони соҳа барои иштирокдорон тарзи бофту истеҳсоли ин намудҳоро нишон доданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор кард, ки ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ дар тамоми ҷамоату деҳот ва соҳибкасб намудани занону духтарон боиси беҳ гаштани вазъи иқтисодии онҳо мегардад, зеро аз худ намудани ин ҳунар начандон мушкил буда, даромаднокии беш дорад. Ҳамчунин раиси вилоят афзуд, ки бояд баҳри ҳифзи фарҳанги миллӣ аз омили таъсири бегонапарастӣ якҷоя либоси миллии тоҷикиро бо унусурҳои муосир омезиш дода, онро тарғиб намоем, зеро либоси миллӣ ба ҳар як тоҷикистонӣ зебанда мебошад.
Тибқи маълумоти роҳбари вилоят, то имрӯз дар қаламрави вилоят 84 маркази адрасбофӣ таъсис шуда, дар онҳо 287 дастгоҳ насб гардидааст. Дар ин марказҳо 196 ҳунарманд ба 701 бону нозукиҳои ин касбро меомӯзонанд.
Ҳамзамон роҳбари вилоят ҷараёни таъсиси марказҳои ҳунаромӯзиро дар шаҳру ноҳия ва ҷамоату деҳот таҳлил карда, аз раисони ҷамоатҳое, ки то кунун чунин марказро таъсис надодаанд сабабҳои онро пурсид. Аз ҷумла ин раванд дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Ашт, Истаравшан, Мастчоҳ беҳбудиро металабад.
Сарвари вилоят таъкид кард, ки таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ ва соҳиби шуғли доимӣ намудани занону духтарони хонашин боиси коҳиши сафи бекорон, паст шудани хушунат дар оила, боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум, эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ мегардад ва мо имрӯз бояд бо матоъҳои беҳтарин бозори дохилии вилоят ва хориҷ аз онро таъмин созем.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






