Суғд: Дар масоҳати 1 284 гектар боғҳои нав бунёд гардиданд
Душанбе, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар нӯҳ моҳи соли равон кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 3,8 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки 104,6 фоизро ташкил медиҳад. Дурнамои кишти пахта барои ҳосили соли 2015 54 ҳазору 150 гектар муқаррар гардида, дар майдони 42 ҳазору 953 гектар кишт гузаронида шуд, ки ин 26,5 фоизи майдони заминҳои обиро дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят ташкил менамояд. Дар масоҳати 1 ҳазору 284 гектар боғҳои нав бунёд гардиданд, ки зиёда аз 100 гектари он боғи нави интенсивӣ буда, дар он асосан ниҳолҳои зардолу, олу, шафтолу ва бодом шинонида шудаанд. Боғҳои бунёдгардида асосан ба воситаи таҷҳизоти қатрагӣ обёрӣ шуда, то ба имрӯз дар ҳамаи майдонҳои навбунёд ин гуна таҷҳизот барои обёрӣ насб шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






