Суғд: Нақшаи андозҳои давлатӣ 103,5 фоиз таъмин гардид

Октябрь 10, 2015 06:37

Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар нўҳ моҳи соли равон нақшаи андозҳои давлатӣ 103,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет  981,6  млн. сомонӣ  ворид гардид, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 32,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли гузашта 135,6  млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа, ки  9 октябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.    
Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳалии вилоят ба ҷои 882,1 млн. сомонӣ  911,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки  аз нақша 3,4 фоиз ё ин ки 29,7 млн. сомонӣ зиёд аст. 
Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 864,3 млн. сомониро ташкил дода, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки дорои хусусияти иҷтимоӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз  698,7 млн. сомонӣ маблағҳо равона  шуданд, ки 81 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳад. 
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Октябрь 10, 2015 06:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд