Суғд: Таъсиси 124 корхонаву коргоҳ бо 1,7 ҳазор ҷойи корӣ
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар давоми 9 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 124 корхонаву коргоҳи нав бо 1,7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Ин корхонаҳо асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат менамоянд.
Дар айни замон дар вилоят бунёди як зумра корхонаҳои калон, аз ҷумла сохтмони корхонаи истеҳсоли сементи Ғаюр-семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1500 ҷойи нав ва истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент дар як сол, комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1300 ҷойи корӣ ва «Нуқрафом» бо маром идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






