Суғд: Таъсиси марказҳои атласу адрасбофӣ дар 79 ҷамоат
Душанбе, 14.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ташкили марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ, адрасу атласбофӣ ва сўзанидўзӣ дар вилояти Суғд як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Барои омўзонидани ҳунари қолинбофии дастӣ ба занону духтарони хонашин то имрўз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар заминаи муассисаҳои таълимии калонсолон синфхонаҳои қолинбофӣ ташкил шуда, занону духтарон ба омўзиш ҷалб шудаанд.
Ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои адрасу атласбофӣ дар миқёси вилоят дар заминаи барномаи махсус таъсиси 150 маркази таълимӣ- насби 3000 дастгоҳ ва фаро гирифтани 9000 зан ва духтарони хонашин ба касбомўзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло чунин марказҳои таълимию истехсолӣ дар 79 ҷамоати шаҳраку деҳоти вилоят ташкил шудаанд, ки дар ин марказҳо 588 нафар ҳунари адрасу атласбофиро омўхта истодаанд.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






