«Сулҳ ба ҳама» — иқдоми «Созандагони Ватан»
Душанбе, 28.10. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади таҷлили сазовори Рўзи Парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон бори аввал ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, нашрияи «Вечёрка» ва маркази фарҳангии «Аржанг» бо дастгирии молиявии ЧСП «Фароз» иқдоми ҷавонии «СУЛҲ БА ҲАМА»- ро баргузор менамоянд. Мақсади асосии иқдом нишон додан ва муайян кардани ҳисси ватандўстӣ, мавқеи шаҳрвандии ҷавонон ва созандагии онҳо мебошад,
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Ташкилкунандагони иқдом ҳамаи мактаббачагону донишҷўён ва умуман шаҳрвандони кишварро барои иштирок дар иқдоми «Сулҳ ба ҳама» даъват мекунанд. Бо шартҳои озмун хоҳишмандон метавонанд аз саҳифаи иқдоми мазкур дар шабакаи фейсбук, ки бо ҳамин ном кушода шудааст, ошноӣ пайдо намуда, расмҳои худро бо навиштаҷоти ифодакунандаи Сулҳу Ваҳдат ба суроғаи sozandagon@mail.tj ва ё vecherkatj@gmail.com. ирсол намоянд.
Иқдом дар якчанд марҳила баргузор шуда, ҳамаи расмҳои ирсолшуда дар мега-билборди таърихӣ нашр мешаванд ва дар арафаи таҷлили иди Парчами давлатӣ дар яке аз майдонҳои шаҳр насб хоҳанд шуд.
Ғолибон бо туҳфаҳо, аз қабили смартфон Samsung A3, планшет Samsung Galaxy Tab4, камераи CanonPowershot IXUS ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






