Таҳдиди ҳамла ба бинои Созмони Милал дар Кобул
Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»). Сафорати Амрико дар Афғонистон рўзи якшанбе эъломияеро нашр кардааст, ки дар он аз ҳамлаи маргталабон ба бинои намояндагии Созмони Милал дар ин кишвар хабар медиҳад.
Дар эъломия, ки рўзи якшанбе нашр шудааст, гуфта мешавад, ҳаросафканон мехоҳанд рўзи 12 октябр (имрўз) як ҳамлаи маргталабонаи печида бо истифода аз мошини пур аз маводи тарканда дар бинои намояндагии Созмони Милал ва ё сохтмонҳои марбут ба он дар шаҳри Кобул ба анҷом расонанд.
Сафорати Амрико дар Кобул аз шаҳрвандони худ дар ин кишвар хостааст, ки аз рафтан ба ин бахшҳо худдорӣ кунанд.
Ин сафорат ҳамчунин дар як паёми фаврӣ ба шаҳрвандонаш ҳушдор медиҳад, ки аз сафар ба Афғонистон худдорӣ кунанд ва ҳамчунон онҳое, ки дар Афғонистон мебошанд, масъалаи баргаштан ба Амрикоро баррасӣ намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






