Тақдими зиёда аз 39 ҳазор китоб аз ҷониби «Корвони китоб»
Хуҷанд, 07.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-5 октябр дар назди Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо иштироки сокинон, адибон ва намояндагони бахши фарҳанги шаҳр бо мақсади истиқбол аз гурӯҳи «Корвони китоб» чорабинии бошукӯҳ ва ярмарка- фурӯши адабиёти тозанашр баргузор гардид.
Тавре ки зимни суҳбат ба АМИТ Ховар роҳбари Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ баён дошт, мақсад аз ташкили иқдоми Корвони китоб 2015- ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобхонӣ ва китобхонаҳо буда, ҳамзамон таъмини китобхонаҳо бо китобҳои зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин сафар аз ҷониби намояндагони КВДТС «Китоб» ва Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» ба масъулини 19 китобхонаи вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 123 ҳазор сомонӣ беш аз 39 ҳазор китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо супорида шуданд.
Тавре ки С. Икромӣ илова намуд, дар доираи сафари Корвони китоб дар Суғд ғайр аз баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр, инчунин нишасту вохӯриҳо бо хонандагону аҳли қалами вилоят низ дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






