Таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар Вазорати саноат

Октябрь 6, 2015 02:57

Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бахшида ба Рўзи забони давлатӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Ба иттилои котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, вазир Шавкат Бобозода ҳозиринро бо Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуда,  иброз дошт, ки  маҳз бо талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад. Таърихи забони мо чандин навъи хату алифбо ва таълифи осори  бесобиқаю беҳамто дорад. Ин моро водор месозад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллиро ба наслҳои имрўзу фардои миллатамон муаррифӣ намоем.  
Инчунин дар ҷамъомад оид ба татбиқи қонуни забон кормандони вазорат андешаҳои худро баён намуданд.

Октябрь 6, 2015 02:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд