Тақвияти ҳамкории Кумитаи ҷавонон бо Созмони ҷаҳонии туристӣ
Душанбе, 17.10.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз,16 октябри соли равон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҳамоҳангсози техникӣ, намояндаи Барномаи рушди Шоҳроҳи Абрешими Созмони ҷаҳонии туристӣ хонума Ҷоҳанна Девин мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии туристӣ дар самти соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, зикр гардид, ки аз ҳамкории мутақобилан судманд бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ кард.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки барои боз ҳам инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон нақши ин созмон хеле калон аст. Аз ин рӯ, ҷонибҳо хостори тақвият додани ҳамкорӣ бештар шуданд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои зиёди туристӣ мебошад ва барои муаррифии онҳо нақши Созмони ҷаҳонии туристӣ калон аст. Аҳтам Абдуллозода аз намояндаи ин созмон даъват ба амал овард, ки дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабкаҳои байналмилалии телевизионӣ ва ҳамзамон буклету брошюраҳо мусоидат намоянд.
Хонум Ҷоҳанна Девин аз ҳамкории Тоҷикистон бо СУТ изҳори ҳавасмандӣ карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон барои ин созмони байналмилалӣ хеле муҳим мебошад.
Ҷоҳанна Девин изҳор намуд, ки СУТ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон конфронсҳои зиёди байналмилалиро доир менамояд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ хеле муфид мебошанд. Аз ин рӯ, аз роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ даъват ба амал овард, ки соли оянда дар конфронсҳои ба нақшагирифтаи созмон иштирок намояд.
Вобаста ба пешниҳоди дигари раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш доир ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути СУТ, Ҷоҳанна Девин таъкид дошт, ки дар 4 соли оянда шабакаи телевизиони байналмилалии National Geografic ва ширкати Nicon тасмим гирифтаанд, ки аз кишварҳои гуногун боздид карда, филмҳои ҳуҷҷатиро бо назардошти имкониятҳои сайёҳӣ ба навор гиранд. Ӯ гуфт, кӯшиш мекунад, ки дар доираи ин лоиҳа Тоҷикистонро дар мадди аввал қарор дода, барои таҳияи филм пешниҳод намояд.
Дар мулоқот ҷонибҳо, инчунин, атрофи ҳамкории бештар дар соҳаи сайёҳӣ, рушди Шоҳроҳи Абрешим, бозомӯзии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани малакаи касбии роҳбаладҳо, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва дигар масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






