Таъминот бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 30 октябр аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» ба мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияҳои Шӯрообод ва Муъминобод техника ва дигар мошинолоти кишоварзӣ супорида шуданд.
Ба иттилои намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров ба мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияи Шӯрообод 1 трактори тамғаи МТЗ бо испор, 3 нақлиёти борбардор, 6 техника барои ҷамъоварии хӯроки чорво, 4 ядак, 7 ғаллакӯбак, ба мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияи Муъминобод 1 трактори тамғаи МТЗ бо испор, 2 нақлиёти борбардор, 10 ядак, 6 сихмола, 3 ғаллакӯбак, 12 техника барои ҷамъоварии хӯроки чорво, 3 техника барои шинонидани картошка, 2 техника барои ҷамъоварии картошка ва 7 бел бо таҷҳизоти махсус барои пайваст намудан ба трактор дастрас шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






