Тамошои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бозии хоккей дар Сочи
Душанбе, 07.10.2015. (АМИТ “Ховар”). -Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия рафти бозии хоккейро, ки бо иштироки Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, тамошо кард.
Тавре Владимир Путин иттилоъ дод, бо ин бозӣ мавсими панҷуми бозиҳои Лигаи шабонаи хоккей дар Русия оғоз меёбад.
Президенти Русия дар ҳайати дастаи «Ситораҳои НХЛ» (Лигаи миллии хоккей) бо дастаи мунтахаби НХЛ қувваозмоӣ намуд.
Бозӣ бо ҳисоби 15 — 10 ба фоидаи дастаи «Ситораҳои НХЛ», ки Валадимир Путин шомили он буд, ба поён расид.
Хотиррасон бояд намуд, ки ин бозӣ дар рӯзи зодрӯзи 63-юми Владимир Путин дар қасри бузурги хоккейи Сочи ҷараён дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






