Тантанаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар ДДТТ
Душанбе, 03.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷиҳати гиромидошт ва арҷгузории Рӯзи забони давлатӣ ва шавқманд гардонидани устодону кормандон дар донишгоҳ иқдоми донишгоҳӣ оид ба кори хаттӣ (диктант) доир намуд.
Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо баргузории маросими тантанавӣ дар саҳни донишгоҳ оғоз шуда, ректори донишгоҳ Убайдулло Қурбон ин рӯзро ба тамоми устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ табрик гуфта, иброз дошт, ки:- «Баракату таровати забони модарӣ — забони давлатамон, гиромидошти ин ганҷи муқаддас ва арҷгузорӣ ба рукни асосӣ ва пояи устувори миллӣ мебошад, ки мову шуморо ба ҳам овардааст».
Тавре ки масъулини баргузории иқдоми донишгоҳӣ таъкид менамоянд, мақсад аз натиҷагирӣ кардани кори хаттӣ (диктант) гиромидошти рукни асосии миллӣ- забони давлатӣ ва инчунин ҳавасманд гардонидани шахсонест, ки аз кори хаттӣ (диктант) холҳои баланд гирифтаанд, мебошад.
Дар маросими тантанавии таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино меҳмонон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






