Тарғиби арзишҳои истиқлолият ва таҳкими сулҳу субот
Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ Ховар).- Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавзеҳи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои истиқлолият ва таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, пешгирӣ аз омилҳои гаравиши шаҳрвандон ба равияҳои тундгаро ва ифротӣ аз 5 то 7 октябр бо сокинони пойтахт, ҷамоатҳои деҳоти Ромит, Чӯянгарон, Симиганҷ, А. Абдулвосиев, Б.Бурунов, Гулистон, К. Исмоилов, Баҳор, ҷамоати шаҳраки Н. Розиқ вохӯрданд.
Дар чорабиниҳо раисони маҳаллаҳо, сардорони хоҷагиҳои деҳаҳо, сарварони мактабҳо, фаъолони деҳаҳои ҳудуди ҷамоат, ҷавонон, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, пирони рӯзгордида иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Халқ овозӣ», ҳафтаномаи «Минбари халқ» шомил буда, дар мавзӯъҳои муҳим суханронӣ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






