Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар Кӯлоб
Кӯлоб, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар асоси нақшаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ чорабиниҳои варзишӣ баргузор мегарданд. Дар доираи таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кўлоб чорабинии варзишӣ аз намуди шоҳмоту шашка миёни наврасону ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид. Ба иттилои мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб Давлаталӣ Суфиев, чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳри Кӯлоб минбаъд низ гузаронида мешаванд, ки он дар солимии ҷомеа нақши арзанда дорад.
Ҳадафи чорабиниҳои мазкур- рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он миёни аҳолӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, инчунин ҷалби ҷавонону наврасон ба риштаҳои гуногуни варзишӣ мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






