Тасарруфи амволи ғайр ба тариқи зӯрӣ
Душанбе, 03.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд зани 27-сола аз ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки рӯзи 27-уми сентябри соли равон дар ҳудуди бозори Панҷшанбе-и ш. Хуҷанд шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гарданаш 1 гарданбанди тиллоиро, ки арзишаш 15000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 21-солаи Б. Ғафуров ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ дастгир шуд.
Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт зани 57-сола аз ноҳияи Ёвон бо ариза муроҷиат намудааст, ки 2-юми октябри соли равон дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасти набераи ноболиғаш, духтари 15-сола,хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 планшети тамғаи Самсунг-Гелекси ТАБ-5-ро, ки арзишаш 520 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, ҷавони 15-сола, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ бо гумони тасарруф намудани планшет дастгир шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино сокини 29-солаи Ҳисор арз намудааст, ки шаби 1 ба 2-юми октябр тахминан дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз ӯ 1400 сомонӣ, 1 телефони мобилии тамғаи Самсунг-Гелекси-6 ва курткаашро, ҷамъ ба маблағи умумии 2125-сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, зани 27-сола аз ноҳияи Панҷ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ғоратгарӣ дастгир шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






