Ташкили озмунҳо ба хотири пойдории оилаҳо
Тоҷикобод, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба Соли оила ва ба фарҳанги бегонаю гурӯҳҳои ифротӣ нагаравидани ҷавонон ва кам гардидани ҷудошавии оилаҳо дар якҷоягӣ бо шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва занони фаъолу соҳибтаҷриба дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию ҷамъомадҳои судманд гузаронида истодаанд. Соли ҷорӣ никоҳи 9 оила бекор гардид, ки дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 3 оилааш барқарор шуд. Инчунин нисбат ба соли гузашта 14 ҳолати ҷудо гардидани оилаҳо дар ноҳия кам гардидааст.
Вобаста ба Соли оила дар байни ҷамоатҳои деҳот озмуни «Хушдомани беҳтарин ва келини беҳтарин» гузаронида шуд, ки ғолибон бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






