Таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм таъсис ёфт, ки Шӯрои мазкур мақоми олии доимии машваратӣ-ҳамоҳангсоз дар соҳаи рушди туризм ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Шӯро барои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъекти хоҷагидори соҳаи туризм, шарикони рушд, ташкилоти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликияташон, ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд, таъсис дода шудааст.
Гуфта мешавад, барои ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳои туристӣ ва мусоидат намудан барои ҷалби туристон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Шӯрои мазкур ва дар доираи он муттаҳид намудани ташкилоти (ассоситасия ва шӯроҳо) ҷумҳуриявӣ ва минтақавии туристӣ мувофиқи мақсад аст. Шӯро дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






