Теъдоди қурбониёни заминларзаи Афғонистон ба беш аз 360 нафар расид
Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Теъдоди фавтидагони заминларзаи Афғонистон дар Покистон ба 275 нафар ва дар Афғонистон ба 90 нафар расидааст, иттилоъ медиҳанд рӯзномаи покистонии «Nation» ва Агентии «Пажвок».
Чанде пеш оид ба фавти 228 нафар дар Покистон ва 63 нафар дар Афғонистон иттилоъ дода шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар Афғонистон беш аз ҳама вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Нангарҳор, Кунар ва пойтахти ин кишвар- шаҳри Кобул хисорот дидаанд.
Дар навбати худ маҷаллаи «Times of India» иттилоъ медиҳад, ки теъдоди қурбониён дар Ҳиндустон ба 4 нафар расид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбе, 26-уми октябр соати 13.39 вақти маҳаллӣ дар Афғонистон заминларза бо қувваи 7,5 балл ба амал омад. Маркази зилзила дар умқи 212,5 километр дар километри 45-уми қисмати ҷанубу ғарбӣ аз шаҳри Ҷурм ҷойгир будааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






