Темурмалик: «Нашъамандӣ вабои имрӯзу фардои ҷомеа»
Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби ҷомеа, дар шаҳру навоҳии мамлакат пайваста семинару машварт ва чорабиниҳои маърифатӣ доир карда мешаванд. Дар ин замина бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Темурмалик семинари ноҳиявиро таҳти унвони «Нашъамандӣ вабои имрӯзу фардои ҷомеа» доир намуд, ки дар он намояндагони маркази бемориҳои нашъамандии вилояти Хатлон, Раёсати миллии мониторинг ва пешгирии нашъаманди дар вилоят, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Аслидини Айниддин-мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи мазкур дар ин бора иттилоъ дода афзуд, ки семинар аз ду қисмат иборат буд ва ба кори он зиёда аз 60 нафар ҷавонон аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҷалб гардиданд. Ба иттилои манбаъ дар қисмати якуми чорабинии мазкур маърӯзаҳо оид ба хатари ин мода ба ҷисму рўҳи инсон қироат гардида, қисмати дуюм бошад саҳначаҳои ахлоқию маърифатии омоданамудаи хонандагон оид ба дурӣ ҷустани ҷавонон аз нашъамандию нашъаҷалобӣ дар кинотеатри ноҳия ба намоиш гузошта шудааст, ки зиёда аз 250 нафар онро тамошо кардаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






