Тоҷикистон аъзои Кумитаи минтақавии аврупоии ТУТ гардид
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки директори Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) хонум Жужанна Якаб хабар дод, Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобан ба ҳайси аъзои Кумитаи доимоамалкунандаи Кумитаи минтақавии аврупоӣ ба муҳлати аз 17 сентябри соли 2015 то 17 сентябри соли 2018 ворид гардидааст.
Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, дар ҷаласаи 65-уми Кумитаи минтақавии аврупоӣ, ки дар рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2015 дар шаҳри Вилнюси Литва баргузор гардид, аз байни 53 кишвари аъзо 4 давлат, аз ҷумла Гурҷистон, Исландия, Италия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути овоздиҳии пинҳонӣ интихоб шуданд.
Барои шомил намудан ба ҳайати кумитаи доимӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номзадии С. Юсуфӣ, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм пешниҳод гардида, аз тарафи Кумитаи минтақавии аврупоӣ тасдиқ шудааст.
Дар баробари ин, тибқи низоми ягонаи Кумитаи минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳониии тандурустӣ 4 нафари таъйингардида бояд дар ҷаласаҳои Кумитаи доимии Кумитаи мазкур ҳатман иштирок намоянд.
Интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳайат бори дигар аз мавқеи мустаҳкам доштани кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва эътироф гардидани он аз ҷониби ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.








Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






