Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото ҳамроҳ гардид
Душанбе, 01.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид. Ин Конвенсияро 1 октябр дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расониданд.
Абдуфаттоҳ Ғоиб -сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ санади мазкурро дар назди вакилони Парлумони кишвар тавзеҳ дода гуфт, ки Конвенсияи мазкур 42 сол муқаддам -18 майи соли 1973 дар шаҳри Киотои Ҷопон қабул гардидааст. Беш аз 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аъзои Конвенсияи Киото мебошанд. Аз ҷониби Созмони ҷаҳонии гумрук 26 июни соли 1999 дар Брюссел таҳрири нави Конвенсия маъқул дониста шуд.
Бино ба иттилои сардори Хадамоти гумруки кишвар ҳадафи таҳияи Конвенсия дар таҳрири нав соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва қоидаҳо мебошад. Конвенсия барои ҳавасмандгардонии фаъолияти тиҷорати хориҷӣ бо роҳи соддагардонӣ ва тезонидани марҳилаи барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ, маҳдуд намудани манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар мавриди ситонидани боҷ ва андозҳо, ҳимояи бозори дохилӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Конвенсия асоси эътирофшуда барои ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои узви Созмони ҷаҳонии гумрук маҳсуб мешавад.
Абдуфаттоҳ Ғоиб зикр кард, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото дар таҳрири нав имконият медиҳад, ки ҳамоҳансозии қонунгузории гумрук ба стандартҳои байналмилалӣ ва қоидаҳои ба таври умум эътирофшуда мувофиқ гардад. Ҳамоҳангсозӣ ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ дар доираи Конвенсия барои бартараф намудани монеаҳои беруна дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дуру наздик мусоидат менамояд.
Ҳамзамон сардори Ҳадамоти гумруки кишвар таъкид кард, ки ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото дар таҳрири нав барои иқтисоди кишвари мо ягон оқибати манфӣ ба бор намеорад, баръакс иштироки Тоҷикистонро дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои байналмилалии вобаста ба гумрук фаъол гардонида, боиси баланд гардидани нуфуз ва эътибори кишвари мо дар миёни кишварҳои аъзои ин Конвенсия мегардад. Зикр шуд, ки Кодекси амалкунандаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳо ва принсипҳои Конвенсияи Киото асос ёфта, ба он ҷавобгӯст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






