Тоҷикобод: суҳбатҳо барои болоравии дониши экологии ҷавонон
Душанбе, 28.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Кормандони Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Тоҷикобод дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба барномаи давлатии тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд ва ин суҳбатҳо барои зиёдшавии дониши экологии ҷавонон мусоидат мекунанд.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Тоҷикобод соли равон 102 маротиба санҷиши назоратӣ гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида 114 пешниҳод пешкаш кард, ки аз он 33 ҳолати вайронкунии қоидаҳо ҳалли худро ёфта, бартараф шуданд. Инчунин 91 нафар қонуншикан ошкор гардида, ба маблағи 5060 сомонӣ ҷарима шуданд, ки аз ин маблағ то имрӯз 4620 сомонӣ рӯёнида шудааст. Панҷ парвандаи дигар бо маблағи 800 сомонӣ ҷарима дар мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






