Турсунзода: вазъи экологӣ муътадил аст
Душанбе, 16.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Турсунзода дар мавзӯи «Ҳолати кунунии ҳавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳфили экожурналистӣ доир гардид. Дар он гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма аз хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008», ки дар километри 8-уми Ширкати алюминийи тоҷик воқеъ гардидааст, дидан намуданд. Раиси хоҷагии номбурда, деҳқони маъруф Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дастпарвардаҳои маҳсули заҳмати худро, ки аз намудҳои ангури хушсифат, анвои гуногуни дарахтони ороишӣ ва гулҳо иборат буд, ба рӯзноманигорон нишон дод.
Дар ҷараёни боздид аз нуқтаҳои алоҳидаи атрофи Ширкати алюминйи тоҷик бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ ҳавои атмосфера санҷида шуда, бо мушоҳидаҳои қаблӣ ва кунунӣ дар муқоиса нишон дода шуд, ки дар ҳудуди таъсири КВД Ширкати алюминийи тоҷик вазъи экологӣ муътадил буда, миқдори консентратсияи ҳидрогени фтордор дар таркиби ҳаво ва хоку об аз меъёри муқарраршуда зиёд нест.
Семинар бо дастгирии молиявӣ ва амалии намояндагии САҲА дар Тоҷикистон сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






