Ваҳдат: 9 намунаи об ба талабот ҷавобгӯ нест
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ “Ховар”).-Кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат соли равон дар таҳлилгоҳи бактериологӣ 31 намунаи обро ташхис намуданд, ки аз инҳо 9 намунааш ба ГОСТ 2874-82 ҷавобгӯ нест. Инчунин 792 полуда аз муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва муассисаҳои коммуналӣ гирифта, ташхис карда шуд, ки 142- тоаш мусбат баромад. Дар таҳлилгоҳи кимиёвӣ 46 намунаи об аз обанборҳо ва чоҳҳои хусуӣ, 204 намунаи хӯрок ташхис шуданд, ки аз онҳо 111- тоаш ба талабот ҷавобгӯ намебошад.
Барои иҷро накардани қоидаҳои санитарӣ аз тарафи кормандони маркази мазкур нисбат ба 149 шаҳрванд ҷарима таъйин шуда, аз онҳо 19 ҳазору 140 сомонӣ маблағ ба фоидаи давлат ситонида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






