Ваҳдат: даъвати сокинон ба худшиносию ватандӯстӣ
Душанбе, 09.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш ҳайати корӣ иборат аз масъулини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Маркази исломшиносӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ, кор бо занон ва оила ва масъулини Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони занон, ҷавонон, собиқадорон, рӯҳониён, омӯзгорон, табибони ҷамоатҳои деҳоти Ромит, А.Абдулвосиев ва Бурунови шаҳри Ваҳдат суҳбату мулоқоти ошкоро анҷом доданд.
Зимни вохӯриҳо намояндагони Ҳукумати кишвар ба мардуми сарбаланду ватандӯст ва ҷасуру далер, ки дар дастгир намудани хоинони миллат рӯзҳои 4-16 сентябри соли ҷорӣ ба коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кумак намуданд, миннатдорӣ баён намуданд. Дар вохӯриҳо масъулин атрофи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон, дастовардҳои мардуми тоҷик ва соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, илму фарҳанг ва риштаи варзиш дар зарфи 24 соли Истиклолияти давлатӣ суҳбат карданд.
Иштирокдорон аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задани онҳо ба омилҳои номатлуб, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва бегонапарастӣ изҳори нигаронӣ карда, онҳоро барои таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳидоят намуданд.
Чунин мулоқоти судманд дар дигар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат сурат гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






