Ванҷ: Бунёди мактаби нав дар деҳаи Чихоҳ
Хоруғ, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо кумаки соҳибкорони маҳаллии ноҳияи Ванҷ бунёди мактаби нав дар деҳаи Чихоҳи ҷамоати деҳоти Техарв идома дорад. Ҳоло 75 дар сади корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот иҷро гардидаанд.
Баробари ба истифода супоридани мактаби нав дар деҳаи Чихоҳ беш аз сад нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ба гуфти директори мактаб баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ имконият пайдо мегардад, ки мактаби асосӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ табдил дода шавад.
Корҳои сохтмонӣ босуръат дар ҷараён буда, сохтмончиён ният доранд то соли таҳсили оянда бинои нави мактабро ба истифода диҳанд. Мактаби нав дар асоси тарҳи меъмории муосир сохта шуда, қарор аст дар таъмин намудани он бо асбобу ашёи хониш ва дигар таҷҳизоти зарурӣ соҳибкорони маҳаллӣ ва волидон кумак намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






