Вазорати мудофиаи ҶТ: Баррасии фаъолияти нӯҳмоҳа
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар») .- Бо мақсади натиҷагирӣ, аз бурду бохти ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва фаъолияти рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбӣ, ҳафтаи равон дар Вазорати мудофиаи кишвар тамоми самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ таҳлилу баррасӣ шуданд. Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо оид ба вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, ташкили хизмати дохилии қӯшунҳо, таъминоти ақибгоҳии ҳайати шахсӣ, ҳолати нигоҳдории техникаҳои ҳарбӣ ва дар маҷмӯъ, тамоми самтҳои фаъолияти ҷузъу томҳо сухан гуфт.
Зикр шуд, ки барои пешгирии аз сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои ба қонуншиканиҳо мусоидаткунанда тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ин муддат дар фаъолияти баъзе аз масъулини қисмҳои низомӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ камбудиҳои ҳалталаб ба мушоҳида расида буданд ва сари вақт бартараф шуданд. Ба масоили даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ва қабулу ҷобаҷокунии онҳо дар қисмҳои низомӣ низ мароқ зоҳир карда шуд.
Вазири мудофиаи кишвар таъкид намуд, ки бо ҳар як наваскар суҳбати инфиродӣ гузаронида шуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир карда шавад. Барои таълими курсҳои кӯтоҳмуддати наваскарӣ ба онҳо афсарони таҷрибадор вобаста гарданд, то ҳар як сарбози ҷавони ба хизматомада, аз рӯзҳои нахустини шомил шудани худ ба сафи ҷузъу томҳо таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷӯмҳурӣ, Вазорати мудофиа ва дигар ҳайатҳои роҳбарикунандаи сохторҳои низомиро дарк намояд ва софдилонаву содиқона ба Ватан хизмат кунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






