ВКД: боздошт барои қасдан расонидани зарар ба саломатӣ
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 37-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 28 октябр, тахминан соати 16:30 дар хонаи истиқоматиаш шавҳараш, марди 32-солаи истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, аз сабаби муноқиша бо ӯ ҷанҷол карда, сипас бо корди ошхона дар пояш ва баданаш якчанд маротиба мезанад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Гумонбаршуда бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Бо чунин далел кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 45-солаи ноҳияи Турсунзодаро дастгир намуданд. Муайян шуд, ки гумонбаршуда рӯзи 28 октябр тахминан соати 17:00 бо сокини 25-солаи ҳамин ноҳия ҷанҷол карда, сипас бо корди ошхона якчанд маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши ҳодисаҳо идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






