ВКД: Тафтиши қазияи Умаралӣ Назаров идома дорад
Душанбе, 28.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия вобаста ба тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ оид ба марги шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Умаралӣ Рустамович, соли таваллудаш 2015, ки рӯзи 14 октябр ба ҳалокат расид, идома дорад.
Аз ҷониби Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия ҳолати фавти У.Р. Назаров муоина карда шуда, оид ба ҳодисаи мазкур мутобиқи қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия, моддаҳои 140, 145 ва 146 (147) ва қисми якуми моддаи 156 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Хотиррасон менамоем, ки У. Назаров 13-уми октябри соли 2015, соати 14:15 аз шуъбаи политсияи РВКД Русия оид ба ноҳияи Адмиралтейскии шаҳри Санкт-Петербург ба Маркази тиббӣ ва эҳёгарии иҷтимоии кӯдакони ба номи В.В.Симбалина фиристода шуда, 14-уми октябри соли 2015, соати 00:30 аз рӯи хулосаи тиббӣ аз вируси шадиди респиратории сироятӣ фавтидааст.
Намояндагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, муовини директори БМЗҶМ (БКБОП) генерал-майори милитсия Азизов А.К., аз ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ мунтазам огоҳ аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






