ВКХ ҶТ дар мавриди шинохти ҲНИТ ҳамчун созмони экстремистӣ-террористӣ
Душанбе, 30.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, ки дар ҷумҳурӣ сабти ном шудаанд, мерасонад, ки мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил ё дастгирӣ намудани гурўҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, иҷтимоӣ ва диниро тартибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад.
Далелҳо тасдиқ намуданд, ки мақсади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдор кардани дахлнопазирӣ, тамомияти марзӣ ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин робита Суди Олии Тоҷикистон 29 сентябри соли ҷорӣ қарор оид ба эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ-экстремистӣ, боздоштани фаъолияти он ва барҳам додани онро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, қабул кард.
Аз ин лиҳоз, Раёсат аз намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз воридот, пахш ва бознашр намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҲНИТ худдорӣ намоянд.
Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба намояндагони ВАО-и хориҷӣ ғанимат мешуморад ва ба ҳамкории судманд дар оянда умедвор аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






