Владимир Путин ба олимаи тоҷик медал тақдим кард
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Русия Владимир Путин ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримоваро бо медали Пушкин сарфароз гардонд.
Дар фармон гуфта мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳиссаи сазоворашон дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, рушди иртиботи иқтисодӣ, ҳифз ва маъруфияти забони русӣ ва фарҳанги мардуми рус дар хориҷ бо ҷоизаҳои давлатии Русия сарфароз гардонида мешаванд.
Дар фармон омада, ки бо ордени “Дӯстӣ” шаш шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла президенти Никарагуа Даниэл Ортега ва ноиби президент ва вазири умури хориҷии Лаос Тхонглун Сисулит мукофотонида шудаанд.
Бо медали Пушкин ҳашт шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла ноиби президенти Хазинаи Ҳайдар Алиев, сарвари намояндагии ин хазина Лайло Алиева ва ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, ҳамчунин вазири фарҳанг ва санъати Конго Жан-Клод Гакоссо сарфароз гардонида шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






