ВМКБ: Чорабинии пешгирикунанда оид ба нашъамандӣ
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- 23 октябр дар шаҳри Хоруғ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилоят бо синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти умумии №8 баҳри пешгирии нашъамандӣ миёни ҷавонон вохӯрӣ гузарониданд.
Намояндагони агентӣ оид ба вазъи нашъамандӣ дар ҶТ, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон маълумот пешниҳод намуда, аз оқибатҳои фоҷиаовари сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ба толибилмон нақл карданд. Дар вохӯрӣ мусобиқа аз намуди бозии шоҳмот байни толибилмон гузаронида шуд.
Ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва ВНМО тақсим шуданд.
Дар охир ғолибони мусобиқа ва фаъолон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






