Вохӯрӣ бо намояндагони ҷамъияти олмонӣ
Душанбе, 03.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-30 сентябр ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода директори Ҷамъияти олмонӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ GIZ (Deutsche Gesellschaft fur Internationale Zusammenarbeit) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Кесслер ва намояндаи ташкилоти мазкурро ба ҳузур пазируфт.
Лутфия Абдулхолиқзода роҷеъ ба фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, илмӣ ва равобити хориҷии донишкада, сохтор ва ихтисосҳои амалкунанда дар ҳузури меҳмонон маълумоти муфассал дод.
Созишномаи ҳамкории Донишкадаи идоракунии давлатӣ миёни Ҷамъияти байналмилалии олмонии GIZ дар самти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ба имзо расонида шуда, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Виктор Кесслер зикр намуд, ки онҳо ният доранд бо Донишкадаи идоракунии давлатӣ ҳамкории густурдаро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба роҳ монанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷамъияти байналмилалии олмонии GIZ соли 2011 таъсис ёфта, самти фаъолияти онро масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиёт ва таъмини самаранокии он, бартараф намудани ихтилофи шаҳрвандӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва хизматрасонии соҳаҳои тандурустӣ, сайёҳӣ ва ҳифзи тағйирёбии иқлим ташкил медиҳанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






