Вохӯрии С. Аслов бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Ҷумҳурии Латвия Игорс Апокинс бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси Сафир оид ба корҳои махсуси Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хайрбодӣ барпо намуд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Латвия тайи чанд соли охир изҳор намуда, умедвории худро ба рушд ва таҳкими ин муносибатҳо таъкид доштанд.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Игорс Апокинс дар фаъолияти ояндаи касбиаш муваффақиятҳо таманно кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






