Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон афзоиш меёбад
Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нўҳ моҳи соли равон ба кишвар 274 ҳазору 908 шаҳрванди хориҷӣ ворид шудаанд, ки аз ин нишондод 240 ҳазору 566 нафараш турист аст.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 240 ҳазору 566 туристи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 120 млн 283 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 ҳазору 381 турист зиёд мебошад.
Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуфт, ин нишондиҳанда дар 5 соли охир беҳтарин арзёбӣ мегардад, зеро танҳо соли 2012 нишондиҳандаи баландтарин 244 ҳазор сайёҳро ба кишвар ташкил дода буд. Аммо танҳо дар 9 моҳи соли 2015 ин нишондиҳанда ба 240 ҳазору 566 нафар расид.
Гуфта мешавад, дар ин давра кумита 167 чорабиниро доир намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 адад зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






