Вусъати корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Академияи ВКД
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо суръат идома доранд. Сохтмончиён бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона сохтаанд, ки бинои мазкурро сари вақт ва бо сифати баланди ба меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ ба истифода диҳанд.
Сохтмони бино бояд то моҳи сентябри соли 2016 пурра ба итмом расида, мавриди истифода қарор гирад. То имрӯз аллакай таҳкурсӣ ва сутуни деворҳои ин бинои нӯҳошёна бунёд гардида, хиштгузорӣ ва корҳои бетонию симбандӣ идома доранд.
Мувофиқи тарҳи пешниҳоднамудаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бино дорои се блок (А,Б,В) буда, дар таҳхонаи он китобхона бо назардошти 150 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст.
Дар ошёнаи якум китобхонаи электронӣ ва ошхона барои 150 нафар, синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, бунгоҳи тиббӣ ҷойгир хоҳанд буд. Дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ барои баргузории чорабиниҳои муҳим тарҳрезӣ шудааст.
Дар баробари сохтмони академияи мазкур, хобгоҳ барои 700 шунаванда ва Маҷмааи варзишӣ бо тамоми шароити лозимӣ низ пешбинӣ гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






