Як ёдгории нодири меъмории асримиёнагӣ ёфт шуд

Октябрь 20, 2015 06:47

Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар ).-  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  15- уми  октябри соли ҷорӣ дар деҳаи Сиёҳмӯзаи ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод як ёдгории нодири меъмории асримиёнагӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар бозёфти ёдгорӣ сокинони деҳаи Сиёҳмӯза Хуршед Саидов ва Сайдалӣ Сафаров саҳми калон гузоштаанд, ки ин рафтори онҳо намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ мебошад. Ёдгории мазкур дар қисмати ҷанубии деҳаи Сиёҳмӯза тақрибан дар баландии 100 метр аз соҳили рости дарёи Сурхоб ҷойгир шудааст.
Самти ҷойгиршавии он ба тариқи ғарб- шарқ сохта шудааст. Деворҳои хонақо дар баландии 1 метр аз сатҳи фарш бо панели (қисми поёнии ранг кардашудаи девор) сурхчаранг ҷудо  шудаанд. Инчунин деворҳо аз қисми ҷанубӣ ва шимолӣ дар шаклҳои алоҳида бо катиба ва расмҳои тақлидӣ нигориш дода шудаанд. Ҳангоми таҳқиқҳои аввалӣ дар ҳудуди ёдгорӣ як хумча ва ҷузъи кӯзаи нақшин, ки ба давраҳои кушонӣ ва асримиёнагӣ мансуб мебошанд, пайдо шуданд.
Омӯзиш ва таҳқиқҳои минбаъдаи бостоншиносӣ пурра дар бораи ёдгории мазкур маълумоти иловагиро пешниҳод менамоянд.

 

 

Октябрь 20, 2015 06:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд