Ян Чжи Сай: «Дар Суғду Данғара ду корхонаи саноатӣ месозем»
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ян Чжи Сай-роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли равон дар кишвари мо ду корхонаи истеҳсоли маводи таркандаи эмулсиониро бунёд созад.
Ян Чжи Сай-роҳбари ҶДММ «Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» дар ҳамоиши байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» зимни суханронӣ гуфт, ки яке аз ин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара ва дигаре дар Минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин, воқеъ дар вилояти Суғд бо ҳиссагузории 50% саҳми Тоҷикистон ва 50% саҳми сармоягузорони чинӣ сохта мешаванд.
«Агар то охири соли равон аз сохторҳои давлатӣ иҷозати заруриро дастрас намоем, тибқи ҳисобҳои пешакӣ мо имкон дорем дар давоми соли 2016 ин корхонаҳоро пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем»,- афзуд сармоягузори чинӣ.
Ян Чжи Сай инчунин зикр кард, ки дар доираи ҳамоиши байналмилалии соҳибкории Душанбе- 2015 бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ тасмим дорем, ки байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Чин» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар мавриди сохтмони ду корхонаи истеҳсоли маводи таркандаи саноатӣ дар ноҳияи Данғара ва «Минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин» ба имзо расонем.
Ян Чжи Сай таъкид кард, ки ҳамоиши байналмилалии соҳибкории Душанбе -2015, ки дар он намояндагони 35 кишвари ҷаҳон ширкат доранд, дар самти ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд нақши муассир хоҳад гузошт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






