Ёвон: 59 ҳодисаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ
Қӯрғонтеппа, 23.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон амалиёти тафтишотиро роҳандозӣ намуд.
Тавре ки нозири калони давлатии автомобилии шуъбаи тарғибот ва назорати бозрасии давлатии автомобили вилоят Ёрмаҳмад Давлатов хабар дод, гурӯҳи махсуси хадамоти назорати роҳҳо тайи ду соат 59 ҳодисаи вайронкунии ҳаракат дар роҳҳоро ошкор намуд.
«2 ҳодисаи дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин, 2 ҳодисаи истифодаи ғайриқонунии шишаҳои сиёҳ ошкор гардид. Дар 14 маврид ронандагон барои идораи воситаи нақлиётӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоштанд. Ҳамчунин як автомобили бе рақамҳои дахлдори давлатӣ дастгир шуд», — хабар дод мусоҳиб.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






