Ёвон: Ғолибони «Соҳибҷамол» қадрдонӣ шуданд
Душанбе, 23.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маориф ва илми Ҷумҳутии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади дастгирии истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебоипарастӣ, ахлоқи ҳамида, ҳидояти насли наврас ба ҷодаи эҷодкориву созандагӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҷодаи зиндагӣ ва бахшида ба эълон гардидани Соли 2015 ҳачун соли оила озмуни ноҳиявии «Соҳибҷамол» дар байни ҷавондухтарони 16-25- солаи ноҳия баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» корманди бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон Субҳиддин Иззатов иттилоъ дод, озмун дар ду давр сурат гирифта, даври аввал дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон, муасисаҳои таҳсилоти умумӣ ва аз коллеҷу литсейҳои техникӣ баргузор гардид.
Даври дуюми озмун имрӯз дар маркази ноҳияи Ёвон баргузор гардида, дар озмун зиёда аз 56 довталаб иштирок намуд.
Ғолибони озмун аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо диплому туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






