Забон — рукни асосии давлат ва поягузори миллат
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Имрӯз, 2 октябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Матробиён Саодатшо, сардори шуъбаи танзими истилоҳот — Нуқра Аҳмадзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ — Ғулом Сангов ва шоир-адиби тоҷик Назри Яздонӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода зикр кард, ки Иди забон имрўзҳо дар тамоми қаламрави кишвар чун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ифтихор аз давлату ватандорӣ, ботантана ҷашн гирифта мешавад. Аз тарафи дигар ин рўзи таърихӣ моро водор месозад, ки мисли дигар суннатҳои бостонии миллӣ ба он арҷ гузорем, зеро имрўз мо соҳиби забони зебо ва шевотарини дунё ҳастем, ки барҷастатарин олимони асримиёнагӣ, чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Носири Хусрав ва ҳамсафону пайравони онҳо осори илмии хешро ба ин забон навишта, ба тамаддуни ҷаҳонӣ пешниҳод кардаанд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, меҳмонони чорабинӣ дар атрофи забони давлатӣ ҳамчун поягузори давлату миллат маърўза карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






