Забонро беолоиш нигоҳ медорем
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ Ховар )-Бо ташаббуси Коллеҷи варзишии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи забони тоҷикӣ дирӯз дар коллеҷи номбурда таҳти унвони «Забонро беолоиш нигоҳ медорем» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Ҷонишини директор оид ба таълим Ҳамрохон Назаров оид ба таърихи забон, рушди он дар замони истиқлол маълумот дод. Сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров аз хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забон ёдовар шуд.
Дар чорабинӣ инчунин намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Зайдулло, муаллими забон ва адабиёти коллеҷи номбурда Тиловатулло Шарифов ва дигар омўзгорон дар мавриди ҳифзи ин забони бостонӣ сухан карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






