Зимистон дар мекӯбад
Дарвоз, 17.10.15. (АМИТ «Ховар»)-Мудири маорифи ноҳияи Дарвоз Акбаралӣ Раҳмоналиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки тайёрии соҳаи маорифи ноҳия ба фасли зимистон хуб аст. Мувофиқи нақша дар 48 мактаби ноҳия омодагӣ ба зимистон хуб ҷараён дошта, захираи ангишт дар мактабҳо аз 422 тонна то 535 тоннаро ташкил медиҳад. Мудири маориф афзуд, ки то имрӯз шишабандии синфхонаҳои 48 мактаби ҳудуди ноҳия ба талабот ҷавобгӯ аст. Инчунин дар як мактаби маркази ноҳия дар фасли зимистон дизели гармидиҳӣ истифода мешавад ва барои он 1200 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст.
Ҳамчунин мудири маорифи ноҳияи Рашт Холмаҳмад Ортиқов дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки дар ноҳия дар 112 мактаби ноҳия тайёрии ҷиддӣ барои фасли зимистон ҷараён доранд. То имрӯз дар мактабҳои ноҳия 1200 тонна ангишт ва 860 метри мукааб ҳезум захира шудааст. Холмаҳмад Ортиқов афзуд, ки дар 4 мактаби ҳудуди ноҳия дар вақти набудани барқ аз генераторҳои барқӣ истифода мешавад. Бо ин мақсад бештар аз 4000 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






