7 ноябр — Рӯзи театри тоҷик
Душанбе, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамасола дар Тоҷикистон 7-уми ноябр ҳамчун Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки ҳунармандони тамоми театрҳои касбию халқӣ ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ҷараёни баргузории чорабинии фарҳангӣ зикр гардид, ки театри тоҷик дар тӯли таърихи фаъолияти худ марҳилаҳои гуногунро пушти сар карда, бо инъикоси мавзуъҳои муҳими рӯз тавассути намоишномаҳои гуногунмазмун ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти мардум саҳми босазо гузоштааст.
Дар зарфи 86-соли фаъолияти театр драматургон, коргардонҳо ва ҳунармандон барои рушди ин шохаи фарҳанг талош намуда, намоишномаҳои зиёдеро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ақсои олам пешниҳоди тамошобинони нуктасанҷ гардонида, сазовори истиқболи гарму самимӣ гардиданд. Дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ, ки ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик сурат гирифт, саҳнаҳои хурди театрии ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






